Ҳунарпешаи турк Бурҷу Бириҷик, ки дар филми «Великолепный век» нақшофарӣ намудааст, дар филми наве, ки студияи Netflix таҳия карда истодааст, иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунад.

Наширяи Karadeniz иттило додааст, ки тасвири нав «Фатьма» номгузорӣ шудааст. Ба ҳайси филмномагузор Озгур Онумер, ки бо филми «Аквариум» ба ҳамагон шинохта мебошад, ӯҳдадор шудааст. Продюсер Басак Абасигил аст. Санаи нахустнамоиш ва маълумотҳои дигари филм, ҳоло аниқ нашудааст.

Хотиррасон менамоем, ки Бурҷу Бириҷик, ки дар силсилафилми «Великолепный век» ба ҳайси канизак нақшофарӣ намудааст, қаблан гуфта буд, ки дигар дар силсилафилм иштирок нахоҳад кард, зеро ин вақту қуввати зиёдро талаб мекунад. Ҳунарпеша ба филмҳои пурраи бадеӣ диққати бештар медиҳад.

ДАР ФИЛМИ НАВИ NETFLIX ҲУНАРПЕША АЗ «ВЕЛИКОЛЕПНЫЙ ВЕК» ИШТИРОК МЕКУНАД 1409221921 anhd vgtwka

Сарчашма: https://runews24.ru/kino/21/06/2020/b06fde4d3664b5799cfc9fe9cbc10e03?utm_source=yxnews&utm_medium=desktop&utm_referrer=https%3A%2F%2Fyandex.ru%2Fnews