Албоми нави Black Eyed Peas «Translation» аз 19 июни 2020 ба олам чашм кушод. Релиз, ки аз чониби лейбли Epic сабт карда шуд, хаштумин албоми студиявии ин гурух гашт. Оиди баромадани ин албом 11 июн эълон гашта буд, дар он маврид ин гурух фехристи сурудхоро иборат аз 15 суруд ташкил намуда буд, ки дар он бо хунарпешагон Шакира, Джей Балвин, Ники Джем, Ozuna, Tyga, French Montana ва дигар хунармандон хамкори карда буданд. Албом аз суруди ба хама маълум «RITMO», ки дар филми «Плохие парни навсегда» сабт шуда буд огоз мегардад.