Ҳунарманди Амрикоӣ Хю Ҷекман накши асосиро дар филми ҳолномавӣ мебозад, ки он ба мошинсоз ва мошинрон Энцо Феррарӣ бахшида шудааст. Коргардонии ин филмро Майкл Манн бар дӯши худ мегирад. Майкл пештар бо филми «Схватка» ба тамошобинон шинохта мебошад.

Филмномаи мазкур оиди мусобиқаҳои Mille Miglia (Милле Миглия) ҳарф мезанад, ки он тобистони 1957 шуда гузашт ва дар он чо фоҷиаи мавти мошинрон Феррарӣ ва якчанд тамошобин рух дода буд, нақл мекунад. Худи Феррариро дар ин фоҷеа гунаҳкор намуданд.

Филми мазкурро дар шабакахои машхур ва дигар расонахои ширкати Амазон нашр хоҳад шуд. Сенарияи филми мазкурро Трой Кеннеди Мартин, ки бо филми «Ограбление по-итальянски» машхур аст, омода намудааст.

Банаворгирии филми мазкур, аввали соли 2021 ба накша гирифта шудааст.