Мухлисони гурӯҳи овозхонони маъруфи Кореяи Ҷанубӣ BTS аллакай шодӣ карда истодаанд. Ҳафтаи гузашта гурӯҳи k-pop дар диаграммаи чарти мусиқавии ҷопонӣ Oricon рекорди нав гузошт. Тибқи маълумоти нашркардаи платформа, албоми чаҳоруми гурӯҳи мазкур, ки «Map of the Soul: 7» дар Ҷопон бо шумораи 429 ҳазор нусха фурӯхта шудааст.

Қаблан соли 1984, овозхони машҳури поп Майкл Ҷексон тавонист, ки дар ин рӯйхат пешсафиро ба даст орад. Ин бори аввал нест, ки гурӯҳи писарбачаҳо рекорди нав гузоштанд, аммо маҳз ҳамин дастоварди онҳо бисёре аз пайравони гурӯҳро ба ҳайрат овард.BTS РЕКОРДИ МАЙКЛ ҶЕКСОНРО ГУЗАШТ BTS on the Billboard Music Awards red carpet 1 May 2019

Майкл Ҷексон то ба имрӯз миллионҳо мухлисонро аз тамоми гӯшаи ҷаҳон дорад. Тааҷҷубовар он аст, ки қаблан ба ин сарояндаҳои к-поп он қадар эҳтиром намекарданд, аммо ҳоло мо метавонем тамошо кунем, ки чӣ тавр гурӯҳи мазкур на танҳо дар Кореяи Ҷанубӣ балки дар тамоми ҷаҳон маъруфиятро бо сабтҳои олитарии худ ба даст оварда истодааст.

Пас аз пайдоиши BTS дар соли 2013, бисёр мунаққидони мусиқӣ ба онҳо боварӣ надоштанд, аммо пас аз ду сол бисёр ширкатҳо ва брендҳои шинохта барои ҳамкорӣ бо гурӯҳ ҷамъ омадаанд. Бояд қайд кард, ки пешравии онҳо таври хеле назаррас тағйир ёфтааст.

Сарчашма:https://popcake.tv/k-pop/bts-pokorili-rekord-majkla-dzheksona?utm_source=yxnews&utm_medium=desktop&utm_referrer=https%3A%2F%2Fyandex.ru%2Fnews