Иҷрокунандаи нақши Дэдпул Райан Рейнолдс вохӯрии иштирокчиёни филми Люди Иксро вайрон кард, ки  дар он Патрик Стюарт, Хю Ҷекман, Холли Берри, Фамке Янссен ширкат доштанд. Мулоқот бо формати анъанавӣ — видеоконфронс баргузор шуда буд.

Ҳунармандони дигар кӯшиш карданд, ки ба Рейнолдс фаҳмонанд, ки дар ин мулоқот танҳо ҳайати гурӯҳи эҷодии филмҳои аслӣ ширкат варзида метавонанд, аммо ин ӯро ташвиш надод. Вай Ҷеймс МакЭвой ва Софи Тернерро барои ҳамроҳ шудан даъват кард. Рост аст, ки ин сония ҳамагӣ якчанд сония ба назар мерасид, Тернер иқрор шуд, ки умеди дидани ҳамкасбони худро аз силсилафилми «Игра престолов»-ро дошт ва Ҷеймс МакЭвой бошад, фикр кард ки ба вохӯрии қаҳрамонони филми «Сплит» ҳамроҳ мешавад. Дар натиҷа, Рейнолдс ва Ҷекман танҳо монданд ва мубодилаи хушҳолӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки бархӯрдӣ миёни ин ду ҳунарманд дар шабакаҳои иҷтимоӣ тӯли солҳои зиёд аст, ки идома дорад. Баъзан онҳо сулҳ мебанданд, зеро баъзан ҳардуяшонро зарур меояд, то дар ягон чорабиниҳои умумӣ ширкат варзанд. Вале ин дӯстии онҳо муваққатӣ мебошад.

Сарчашма: https://www.kinonews.ru/news_93996/